Дарахт ғунча бароварду булбулони мустанад
Ҷаҳон ҷавон шуду ёрон ба айш бинишастанд
Ҳарифи маҷлиси мо худ ҳамеша дил май барад
Алӣ алхусус ки пероя эй бар ӯ бастанд
Касон ки дар рамазони чанг май шикастандӣ
Насим гул бишуниданд ва тавба бишикастанд
Бисоти сабза лагадкӯб шуд ба пои нишот
зи бас ки орифу омӣ ба рақс барҷастанад
Ду дӯст қадар шиносанд аҳди суҳбат ро
Ки муддатӣ бибареданду бозпиўстнд
Ба дар намеравад аз хонгаҳи яке ҳушёр
Ки пеш шаҳна бигӯед ки суфиёни мустанад
Яке дарахти гули андари фазои хилвати мост
Ки сарвҳои чамани пеш қоматаш пастанд
Агар ҷаҳони ҳама душман шавад ба давлати дӯст
Хабар надорам аз эшон ки дар ҷаҳон ҳастанд
Мисол рокиб дарёст ҳоли куштаи ишқ
Ба тарк бор бигуфтанду хештани растанад
Ба сарв гуфт касе мивае наме оре ?
Ҷавоб дод ки озодагон тиҳӣ дастанд
Ба роҳ ақл бирафтанд саъдё бисёр
Ки раҳ ба олам девонагон надонистанд