Охир эй сангдили сими занхдон то чанд
Ту зи мо фориғ ва мо аз ту парешон то чанд
Хор дар пои гул аз давр ба ҳасрат дидан
Ташна бозомадан аз чашмаи ҳайвон то чанд
Гӯш дар гуфтани ширини ту вола то кӣ
Чашм дар манзари матбӯъи ту ҳайрон то чанд
Бим онаст дамодам ки барорам фарёд
Сабри пайдоу ҷигар хӯрдани пинҳон то чанд
Ту сари нози барории зи гиребон ҳар рӯз
Мо зи ҷаврати сари фикрат ба гиребон то чанд
Ранги дастат на ба ҳиност ки хӯни дили мост
Хӯрдани хӯни дили халқ ба дастон то чанд
Саъдӣ аз дасти ту аз пои даройади рӯзӣ
Тоқати бори ситам то кӣу ҳиҷрон то чанд