Вақте дил савдое мерафт ба бустон ҳо
Бехештанам кардӣ буии гулу райҳон ҳо
Гуҳ наъра задӣ булбули гуҳ ҷома даридӣ гул
Бо ёди ту афтодам аз ёд бирафт он ҳо
эй меҳри ту дар дилҳо ваии меҳри ту бар лаб ҳо
Ваии шӯри ту дар сарҳо ваии сари ту дар ҷон ҳо
То аҳди ту дарбастами аҳд ҳама бишикастам
Баъд аз ту раво бошад нақзи ҳамаи паймон ҳо
То хори ғами ишқати овехта дар доман
Кӯтаҳ назарӣ бошад рафтан ба гулистон ҳо
Онро ки чунин дардӣ аз пой дарандозад
Бояд ки Фрўшўиди даст аз ҳамаи дармон ҳо
Гар дар талабати ранҷии моро бирасад шояд
Чун ишқ ҳарам бошад саҳласт биёбон ҳо
Ҳар тир ки дар кешастгар бар дил риш ояд
Мо низ яке бошем аз ҷумлаи қурбон ҳо
Ҳар ков назарӣ дорад бо ёри камони абрӯ
Бояд ки сипар бошад пеши ҳамаи пайкон ҳо
Гӯйанд магӯ саъдии чандини сухан аз ишқаш
намегӯяму баъд аз ман гӯйанд ба даврон ҳо