Хубрӯёни ҷФопишаҳи вафо низ кунанд

Ба касон дард фиристанду даво низ кунанд

Подшоҳони малоҳат чу ба нахҷӣри раванд

Сайдро пой бабанданду раҳо низ кунанд

Назарӣ кун ба ман хаста ки арбоби карам

Ба заъифони назар аз баҳри худо низ кунанд

Ошиқонро з бар хеши марон то бар ту

Сару зар ҳар ду фишонанду дуо низ кунанд

Гар кунад майл ба хубони дили ман айб макун

Кин гноҳист ки дар шаҳри шумо низ кунанд

Бӯсае зон даҳан танг бидиҳ ё бифурӯш

Кин мтоъист ки бахшанду баҳо низ кунанд

Ту хтоиии бачае аз ту хато нест аҷаб

Кон ки аз аҳл савобанд хато низ кунанд

Гар равад номи ман андари даҳанат бокӣ нест

Подшоҳон ба ғалати ёди гадо низ кунанд

Саъдё гар накунад ёди ту он моҳ маранҷ

Мо ки бошем ки андешаи мо низ кунанд