Ман чаҳ дар пои ту резам ки хўрои ту буд

Сар на чизеаст ки шоистаи пои ту буд

Хуррами он рӯй ки дар рӯй ту бошад ҳамаи умр

Вена набошад магари он вақт ки рои ту буд

Заррае дар ҳамаи аҷзои ман мискин нест

Ки на он зарраи муъаллақ ба ҳавои ту буд

То туро ҷой шуд эй сарви равон дар дили ман

Ҳеҷ кас менапасандам ки ба ҷои ту буд

Ба вафои ту кигар хишт зананд аз гули ман

Ҳамчунон дар дили ман меҳру вафои ту буд

Ғоят онаст ки мо дар сари кор ту рӯем

Марги мо бок набошад чу бақои ту буд

Ман парвонаи сифати пеши ту эй шамъи чгл

Гар бисӯзам гунаҳи ман на ?хитои ту буд

Аҷабаст он ки туро диду ҳадис ту шунид

Ки ҳамаи умр на муштоқи лақои ту буд

Хуш буд нолаи длсўхтгон аз сари дард

Хоссаи дардӣ ки ба умеди давои ту буд

Малики дунёи ҳама бо ҳиммат саъдӣ ҳеҷаст

Подшоҳяши ҳамин бас ки гадои ту буд