Ҳар киро боғча Эй ҳаст ба бустон наравад

Ҳар ки маҷмӯ нишастаст парешон наравад

Он ки дар доманаш овехта бошад хорӣ

Ҳаргизаши гӯшаи хотир ба гулистон наравад

Сафар қибла дарозасту муҷовир бо дӯст

Рӯй дар қиблаи маънӣ ба биёбон наравад

Гар биоранди калиди ҳамаи дарҳои биҳишт

Ҷони ошиқ ба тмошогаҳ ризвон наравад

Гар сарат маст кунад буии ҳақиқати рӯзӣ

Андарунат ба гулу лола ва райҳон наравад

Ҳар ки донист ки манзилгаҳ маъшӯқ куҷост

Муддаӣ бошад агар бар сар пайкон наравад

Сифати ошиқи содиқ ба дурустӣ онаст

Кигараш сар баравад аз сар паймон наравад

Ба насиҳатгари дили шефта мебояд гуфт

Бирав эй хоҷа ки ин дард ба дармон наравад

Ба маломат набаранд аз дили мо сӯрати ишқ

Нақш бар санги нбштст ба тӯфон наравад

Ишқро ақл наме хост ки бинад лекин

Ҳеҷ айёр набошад ки ба зиндон наравад

Саъдёгар ҳамаи шаби шарҳи ғамаш хоҳӣ гуфт

Шаб ба поён раваду шарҳ ба поён наравад