Ёрӣ ба даст кун ки ба умеди роҳаташ

Воҷиб кунад ки сабр кунӣ бар ҷароҳаташ

Моро ки раҳ диҳад ба саропардаи висол

эй боди субҳдами хабарии даҳ зи соҳаташ

Борон чун ситораам аз дидагон бирехт

Рӯе ки субҳ хира шавад дар сбоҳтш

Ҳар гуҳ ки гӯям ин дили ришам дуруст шуд

Бар вай пароканд намакӣ аз малоҳаташ

Ҳарчи он қабеҳтар бикунади ёри дӯст рӯй

Донад ки чашм дӯст набинад қабоҳаташ

Бечорае ки сӯрати рӯяти хаёли баст

Бе диданат хаёл мабанд истироҳаташ

Бо чашми ним хоби ту хашм оядам ҳаме

Аз чашмҳои наргис ва чандон вақоҳаташ

Рафтори шоҳиду лаби хандон ва рӯй хуб

Чун одамӣ тамаъ накунад дар смоҳтш

Саъдӣ ки дод васфи ҳамаи некӯон ба дод

Оҷиз бимонад дар ту забони фасоҳаташ