Рафиқи меҳрбону ёри ҳамдам
Ҳамаи кас дӯст медоранд ва ман ҳам
Назар бо некӯон расмӣаст маъҳуд
На ин бидъат ман оварадам ба олам
Тугар даъвӣ кунӣ парҳезгорӣ
Мусаддиқ дорамат валлоҳи аълам
Вагар гӯйӣ ки майл хотирам нест
Ман ин даъвӣ намедорам мусаллам
Ҳадиси ишқ агар гӯйӣ гуноҳ аст
Гуноҳи аввали зи ҳавво буду одам
Гирифтори каманди моҳи рӯйон
На аз мадҳаш хабар бошад на аз зм
Чу дасти меҳрбон бар сина ӣ риш
Ба гетӣ дар надорам ҳеҷ марҳам
Бигардон соқиои ҷоми лаболаб
Биомуз аз фалаки даври дамодам
Агар доне ки дунё ғам наярзад
Ба рӯй дӯстон хуш бошу хуррам
Ғанимати дон агар доне ки ҳар рӯз
зи умри монда рӯзӣ мешавад кам
Манеҳ дил бар сарои умри саъдӣ
Ки бунёдаш на бунёдӣаст муҳкам
Бирав шодӣ кун эй ёри дили афрӯз
Чу хокат мехӯрд чандин махӯр ғам