Ба хоки пои азизат ки аҳд нишкастам
з ман буридӣ ва бо ҳеҷ кас напайвастам
Куҷои рӯм ки бимирам бар остони умед
Агар ба доман васлат намерасад дастам
Шигифт мондаам аз бомдоди рӯзи видоъ
Ки брнхости қиёмат чу бе ту бинишастам
Балои ишқ ту нагузошт порсо дар порс
Яке манам ки надонам намоз чун бастам
Намоз кардам ва аз бихўдӣ надонистам
Ки дар хаёли ту ақди намоз чун бастам
Намози масти шариъат раво наме дорад
Намози ман ки пазирад ки рӯзу шаби мастам
Чунин ки даст хаёлат гирифт домани ман
Чаҳ будӣ ар брсидӣ ба доманати дастам
Ман аз куҷоу таманнои васли ту зи куҷо
Агар чаҳ оби ҳаётии ҳалоки худ ҷустам
Агар хилоф ту бӯда сет дар дилами ҳамаи умр
На нек рафт хато кардам ва надонистам
Бикаш чунон ки туоне ки саъдии он кас нест
Ки бо вуҷӯди ту даъвӣ кунад ки ман ҳастам