Шикасти аҳди маваддатнигор дилбандам

Бурид меҳру вафои ёри сусти пайвандам

Ба хоки пои азизон ки аз муҳаббати дӯст

Дил аз муҳаббати дунё ва охират кунадам

Татовулӣ ки ту кардӣ ба дӯстӣ бо ман

Ман он ба душмани хӯни хор хеш напасандам

Агар чаҳ меҳр буридӣ ва аҳд бишикастӣ

Ҳануз бар сари паймону аҳду савгандам

Биор соқии сармасти ҷоми бодаи ишқ

Бидиҳ ба рағми мносҳ ки медиҳад пандам

Ман он ним кипазирам насиҳати уқало

Падар бигӯӣ ки ман бе ҳисоби фарзандам

Ба хоки пои ту савганду ҷони зиндаи дилон

Ки ман ба пои ту дар мурдани орзӯмандам

Биёи биёи снмо каз сари парешоне

Намонад ҷузи сари зулфи ту ҳеҷ побандам

Ба ханда гуфт ки саъдӣ аз ин сухан бигурез

Куҷои рӯм ки ба зиндони ишқи дарбандам