Боз аз шароби дӯшин дар сар хумор дорам

Вази боғи васли ҷонони гул дар канор дорам

Сармаст агар ба савдои барҳами занами ҷаҳонӣ

Айбам макун ки дар сари савдоӣ ёр дорам

Соқӣ биор ҷомӣ каз зуҳд тавба кардам

Мутриб бизан навое каз тавба ор дорам

Сайлоби нестиро сар дар вуҷӯди ман даҳ

Каз хокдон ҳастӣ бар дил ғубор дорам

Шастам ба оби ғайрати нақш ванигор зоҳир

Кандар сарочаи дили нақш ва нигор дорам

Мӯсои таври ишқам дар водии таманно

Маҷрӯҳи лнтароне чун худ ҳазор дорам

Рафтӣ ва дар рикобат дил рафту сабру дониш

Бозо ки ним ҷонии баҳр нисор дорам

Чандам ба сари дуоне пргорўори гирдат

Саргаштаам валикини пой устувор дорам

Ақлии тамом бояд то дил қарор гирад

Ақл аз куҷоу дили кӯ то барқарор дорам

Зон май ки рехти ишқат дар коми ҷони саъдӣ

То бомдоди маҳшар дар сар хумор дорам