Ман дӯст медорам ҷафо каз дасти ҷонон май барам
Тоқат намедорам вале афтону хезон май барам
Аз даст ӯ ҷон май барам то афканам дар пой ӯ
То ту напиндорӣ ки ман аз даст ӯ ҷон май барам
То сар баровард аз гиребони оннигор сангдил
Ҳар лаҳза аз бедод ӯ сар дар гиребон май барам
Хоҳӣ ба лутфам гӯ бихон хоҳӣ ба қаҳрам гӯ барон
Тўъо ва карҳо бандаам ночори фармон май барам
Дармони дарди ошиқон сабраст ва ман девона ам
На дард сокин мешавад на раҳ ба дармон май барам
эй сорибони оҳистаи рӯ бо нотавонон сабр кун
Ту бори ҷонон май барии ман бори ҳиҷрон май барам
эй рӯзгори офият шукрат накардам лоҷарам
Дастӣ ки дар оғӯш буд акнӯн ба дандон май барам
Гуфтам ба поён оварам дар умри худ бо ӯ шабӣ
Ҳоло ба ишқ рӯй ӯ рӯзӣ ба поён май барам
Саъдии дгрбор аз ватани азм сафар кардӣ чаро
Аз дасти он тарки хатои ирғў ба қоон май барам
Ман худ надонам васф ӯ гуфтани сазои қадар ӯ
Гул оваранд аз бӯстони ман гул ба бустон май барам