Агар ту фориғӣ аз ҳоли дӯстони ёро
Фароғат аз ту муяссар намешавад мо ро
Туро дар оина дидани ҷамоли талъати хеш
Баён кунад ки чаҳ будаст ношикеб ро
Биё ки вақт баҳораст то ман ва ту ба ҳам
Ба дигарон бигзорем боғу саҳро ро
Ба ҷои сарви баланди истода бар лаби ҷӯй
Чаро назар накунӣ ёри сарви болоро ?
Шамоилӣ ки дар авсофи ҳасани таркибаш
Маҷол нутқ намонад забон гуё ро
Ки гуфт дар рухи зебои назар хато бошад ?
Хато буд ки набенанд рӯй зебо ро
Ба дӯстӣ ки агар заҳр бошад аз дастат
Чунон ба завқ иродат хӯрам ки ҳалво ро
Касе маломат Вомиқ кунад ба нодонӣ
Ҳабиби ман , ки надидаст рӯй узро ро
Гирифтам оташи пинҳони хабар наме дорӣ
Нигоҳ менакунӣ оби чашми пайдоро ?
НгФтмт ки ба яғмо равад дилати саъдӣ ?
Чу дил ба ишқи диҳии дилбарони яғмо ро
Ҳануз бо ҳамаи дардам умед дармонаст
Ки охирӣ буд охири шубони ялдо ро