Агар дастам расад рӯзӣ ки инсоф аз ту бустонам
Қазои аҳди мозиро шабӣ дастӣ барафшонам
Чунонат дӯст медорам кигар рӯзӣ фироқ уфтад
Ту сабр аз ман туоне кард ва ман сабр аз ту натавонам
Дилами сад бор мегуяд ки чашм аз фитна бар ҳам на
Дигар раҳ дида меуфтад бар он болои фаттонам
Туро дар бӯстон бояд ки пеш сарв биншинӣ
Вагарна боғбон гуяд ки дигари сарви нншонм
РФиқонм сафар карданд ҳар ёрӣ ба ақсоиӣ
Хилофи ман ки бигрифтааст доман дар муғелонам
Ба дарёии дарафтодам ки пойонаш наме байнам
Касеро панҷаи афкандам ки дирамонаш наме донам
Фироқам сахт меояд валикини сабр май бояд
Ки гар бигурезам аз сахтии рафиқи сусти паймонам
Мапурсам дӯш чун будӣ ба торикӣу танҳоӣ
Шаби ҳиҷрам чаҳ май пурсӣ ки рӯзи васли ҳайронам
Шубони оҳиста май нолами магари дардам ниҳон монад
Ба гӯш ҳар ки дар олам расед овози пинҳонам
Дамӣ бо дӯст дар хилват ба аз сад сол дар ъушрат
Ман озодӣ намехоҳам ки бо Юсуф ба зиндонам
Ман он мурғи схндонм ки дар хокам равад сӯрат
Ҳануз овоз меояд ба маънӣ аз гулистонам