Гар даст диҳад ҳазор ҷонам
Дар пой муборакат фишонам
Охир ба серум гузар кун эй дӯст
Ингор ки хоки остонам
Ҳар ҳукм ки бар серум бароне
Саҳласт зи хештани мронм
Ту худ сари васли мо надорӣ
Ман одати бахт хеш донам
Ҳайҳот ки чун ту шоҳбозӣ
Ташриф диҳад ба ошёнам
Гар хона муҳақарасту торик
Бар дидаи равшанати нишонам
Гар номи ту бар серум бигӯянд
Фарёд барояд аз равонам
Шаб нест ки дар фироқи рӯят
Зорӣ ба фалак наме расонам
Охир на ман ва ту дӯст будем ?
Аҳди ту шикаст ва ман ҳамонам
Ман муҳраи меҳр ту наризам
Ало ки бирезади устихонам
Ман тарки висол ту нагӯям
Ало ба фироқи ҷисму ҷонам
Маҷнӯнам агар баҳоии Лайлӣ
Малики арабу аҷами ситонам
Ширини замони туе ба таҳқиқ
Ман бандаи хусрави замонам
Шоҳӣ ки варо расад ки гуяд
Мавлои акобри ҷаҳонам
Айвони рафеъаши осмон ро
Гуяд ту замини ман осмонам
Доне ки ситам раво надорад
Магузор ки башнавад фиғонам
Ҳар кас ба замони хештан буд
Ман саъдии охируззамонам