Маро то нуқра бошад ме фишонам

Туро то бӯса бошад май ситонам

Вагар фардо ба зиндон ме барандам

Ба нақди ин соъати андари бӯстонам

Ҷаҳон бигзор то бар ман сар ояд

Ки коми дили ту будӣ аз ҷаҳонам

Чаҳ доманҳои гул бошад дар ин боғ

Агар чизе нагӯяд боғбонам

намедонистам аз бахти ҳумоюн

Ки симурғӣ фитад дар ошёнам

Ту ишқи омухтӣ дар шаҳри мо ро

Биё то шарҳи он ҳам бар ту хонам

Сухан ҳо дорам аз дасти ту дар дил

Валикин дар ҳузурат бе забонам

Бигӯям то бидонади душману дӯст

Ки ман мастӣ ва мастурӣ надонам

Магӯ саъдии муроди хеши бардошт

Агар ту сангдили ман меҳрбонам

Агар ту сарви симини тан бар онӣ

Ки аз пешам бароне ман бар онам

Ки то бошам хаёлат май пурситам

Ва гар рафтам саломат май расонам