Ту мапиндор каз ин дар ба маломат биравам

Дилам ӣнҷост бидиҳ то ба саломат биравам

Тарк сар гуфтам аз он пеш ки биниҳодам пой

На ба зарқ омадаам то ба маломат биравам

Ман ҳаводор қадимам бидиҳам ҷони азиз

Нави иродат на ки аз пеш ғаромат биравам

Гар расад аз ту ба гӯшам ки бимир эй саъдӣ

То лаби гӯр ба эъзоз ва каромат биравам

Вар бидонам ба дар марг ки ҳашарам бо туаст

Аз лаҳади рақси кунон то ба қиёмат биравам