Бигзор то муқобил рӯй ту бигузарем

Дуздида дар шамоили хуб ту бингарем

Шавқаст дар ҷудоӣ ва ҷавраст дар назар

Ҳам ҷавр ба ки тоқат шавқат наёварем

Рӯй ар ба рӯй мо накунӣ ҳукм аз он туаст

Бозо ки рӯй дар қдмонти бгстрим

Моро сиррӣаст бо ту кигар халқи рӯзгор

Душман шаванд ва сар баравад ҳам бар он сарем

Гуфтӣ з хок бештаранд аҳли ишқи ман

Аз хоки бештар на ки аз хок камтарем

Мо бо тўоим ва бо ту наем инат булъаҷаб

Дар ҳалқаем бо ту ва чун ҳалқа бар дарем

На буи меҳр мешинавем аз ту эй аҷаб

На рӯй он ки меҳр дигар каси бпрўрим

Аз душманон баранд шикоят ба дӯстон

Чун дӯст душманаст шикоят куҷо барем

Мо худ намерӯем давон дар қафои кас

Он май барад ки мо ба каманд вай андарем

Саъдӣ ту кистӣ ки дар ин ҳалқаи каманд

Чандон фитодаанд ки мо сайд лоғарем