Аҳд кардем ки бедӯст ба саҳро наравем

Бе тмошогаҳи рӯйиш ба тамошо наравем

Бӯстони хона айшасту чамани кӯии нишот

То муҳайё набӯд айш мҳно наравем

Дигарон бо ҳамаи каси даст дар оғӯш кунанд

Мо ки бар суфра хосем ба яғмо наравем

Натавон рафт магар дар назари ёри азиз

Вар таҳаммул накунад заҳмати мо то наравем

Гар ба хории з дар хеш баранд мо ро

Ба умедаш биншинем ва ба дарҳо наравем

Гар ба шамшери аҳбои тани мо пора кунанд

Ба тазаллум ба дар хона аъдо наравем

Пои гӯ бар сар ва бар дидаи мо на чу бисот

Ки агар нақш бисотат баравад мо наравем

Ба дуруштӣу ҷафо рӯй магардон аз мо

Ки ба куштан биравем аз ?назарет ё наравем

Саъдёи шарти вафодории Лайлӣ он аст

Ки агар маҷнӯн гӯйанд ба савдо наравем