Гар ғусса рӯзгор гӯям
Баси қисса бешумор гӯям
Як умри ҳзорсол бояд
То ман яке аз ҳазор гӯям
Чашмам ба забон ҳол гуяд
Неи он ки ба ихтиёр гӯям
Бар ман дил анҷуман бисӯзад
Гар дарди фироқ ёр гӯям
Мурғони чаман фиғон бароранд
Гар фурқат навбаҳор гӯям
Ёрон сабӯҳем кҷоинд
То дарди дил хумор гӯям
Кас нест ки дили сӯии ман орад
То ғусса рӯзгор гӯям
Дарди дил бе қарори саъдӣ
Ҳам бо дил беқарор гӯям