Бикун чандон ки хоҳии ҷавр бар ман

Ки дастат бар намедорам зи доман

Чунон мурғи диламро сайд кардӣ

Ки бозаш дил намехоҳад нишеман

Агар доне ки дар занҷири зулфат

Гирифтораст дар поиш Маяфкан

Ба ҳасани қоматати сарвӣ дар офоқ

Напиндорам ки бошад ғолиби алзн

Ало эй боғбони ин сарв бинишон

Вагар соҳиби дилии он сарви бркн

Ҷаҳони равшан ба моҳ ва офтоб аст

Ҷаҳони мо ба дидори ту равшан

Ту бе зевари мҳлоиӣ ва бе рахт

Мзкоиӣ ва бе зинати музайян

Шабӣ хоҳам ки меҳмони ман ое

Ба коми дӯстону рағми душман

Гуруҳеи омро каз дил хабар нест

Аҷаб доранд аз оҳи синаи ман

Чу оташ дар сарой афтода бошад

Аҷаби дорӣ ки дӯд ояд зи равзан

Туро худ ҳар ки бинад дӯст дорад

Гуноҳӣ нест бар саъдии муайян