Хушоу хурмои вақти ҳабибон
Ба буии субҳу бонги андалебон
Хуши он соъат нишинад дӯст бо дӯст
Ки сокин гардад ошӯби рақибон
Ду тан дар ҷомае чун писта дар пӯст
Баровардаи ду сар аз як гиребон
Сазои душманони ин бас ки бенанд
Ҳабибон рӯй дар рӯй ҳабибон
Насиб аз умри дунёи нақд вақт аст
Мабош эй ҳӯшманд аз бе насибон
Чу доне каз ту чӯпонӣ наёяд
Раҳо кун гӯсфандонро ба зӣбон
Ман ин риндону мисатон дӯст дорам
Хилофи порсоёну хатибон
Бҳл то дар ҳақи ман ҳар чаҳ хоҳанд
Бигӯянд ошноёну ғарибон
Лаби ширини лабонро хислатӣ ҳаст
Ки ғорат мекунад ҳуши лбибон
Нишастам бо ҷавонмардони авбош
Бишустам ҳар чаҳ хондам бар адӣбон
Ки медонад давои дарди саъдӣ
Ки ранҷуранд аз ин иллати табибон