Дигар нашунидем чунин фитна ки бархест

Аз хона бурун омад ва бозор биёрост

Дар ваҳм нагунҷад ки чаҳ дилбанд ва чаҳ ширин

Дар васф наёяд ки чаҳ матбӯъ ва чаҳ зебост

Сабру дил ва дайн мераваду тоқату ором

Аз захм падедаст ки бозуаш тавоност

Аз баҳри худо рӯй мапуаш аз зан ва аз мард

То сунъ худо менигаранд аз чап ва аз рост

Чашмӣ ки туро бинад ва дар қудрат бе чун

Мадҳуш намонад натавон гуфт ки биност

Дунё ба чаҳ кор ояду фирдавс чаҳ бошад

Аз борхдо ба зи ту ҳоҷат натавон хост

Фарёди ман аз дасти ғамат айб набошад

Кин дард напиндорам аз он ман танҳост

Бо ҷавру ҷафоӣ ту насозем чаҳ созем

Чун Зуҳра ва ёро набӯд чора мудорост

Аз рӯй шумо сабр на сабраст ки заҳр аст

Вази дасти шумо заҳр на заҳраст ки ҳалвост

Он кому даҳону лабу дандон ки ту дорӣ

Айшаст вале то з барои ки муҳайёст

Гар хӯни ману ҷумлаи олам ту бирезӣ

Иқрор биорем ки ҷурм аз тарафи мост

Таслими ту саъдии натавонад ки набошад

Гар сари бунаад вар наниҳад даст ту болост