Даст бо сарви равон чун нарасад дар гардан
Чора Эй нест ба ҷуз дидану ҳасрат хӯрдан
Одамиро ки талаб ҳаст ва тавоноӣ нест
Сабр агар ҳаст ва гар нест бибояд кардан
Банд бар пои таваққуф чаҳ кунад гар накунад
Шарт ишқаст бало дидану пой афшурдан
Рӯй дар хок дар дӯст бибояд молида
Чун муяссар нашавад рӯй ба рӯй овардан
Ним ҷонӣ чаҳ буд то надиҳади дӯст ба дӯст
Ки ба сад ҷони дил ҷонон натавон озурдан
Саҳл бошад сухани сахт ки хубон гӯйанд
Ҷаври ширини даҳанон талх набошад бурдан
Ҳеҷ шак менакунам коҳўии мишкӣни ттор
Шарм дорад зи ту мишкӣни хати оҳӯи гардан
Рӯзии андари сари кор ту кунам ҷони азиз
Пеши болои ту борӣ чу бибояд мурдан
Саъдёи дидаи нигаҳи доштан аз сӯрати хуб
На чунонаст ки дил додану ҷон парвардан