Миёни боғ ҳаромаст бе ту гардидан
Ки хор бо ту маро ба ки бе ту гул чидан
Вагар ба ҷом барам бе ту даст дар маҷлис
Ҳароми сарф буд бе ту бодаи нӯшидан
Хами ду зулфи ту бар лолаи ҳалқа дар ҳалқа
Ба санги хораи дромўхти ишқ варзидан
Агар ҷамоати чини сӯрати ту бути бенанд
Шаванд ҷумлаи пушаймони зи бут парастидан
Касоди нархи шукр дар ҷаҳон падед ояд
Даҳон чу бозгушоӣ ба вақт хандидан
Ба ҷой хушк бимонанд сарвҳои чаман
Чу қомати ту бибинанд дар хиромидан
Ман гадоӣ ки бошам ки дами занами зи лабат
Саодатам чаҳ буд хоки пот бӯсидан
Ба ишқи мастӣу расвоӣам хушаст аз онк
Накӯ набошад бо ишқи зуҳд варзидан
Нишоти зоҳид аз анвоъ тоъатасту вараъ
Сафои ориф аз абрӯии некӯон дидан
Анояти ту чу бо ҷон саъдӣаст чаҳ бок
Чаҳ ғам хӯрд гуҳи ҳашар аз гуноҳ санҷидан