эй рӯй ту роҳати дили ман
Чашми ту чароғи манзили ман
Обӣаст муҳаббати ту гӯйӣ
Комихтаҳанд бо гули ман
Шодам ба ту марҳабоу аҳло
эй бахти Саиди мқбли ман
Бо ту ҳамаи барг ҳо муҳайёст
Бе ту ҳамаи ҳеҷ ҳосили ман
Гӯйӣ ки нишастае шабу рӯз
Ҳар ҷо ки туе муқобили ман
Гуфтам ки магар ниҳон бимонад
Онч аз ғам туаст бар дили ман
Баъд аз ту ҳазор навбати афсӯс
Бар даври ҳаёти ботили ман
Ҳар ҷо ки ҳикоятӣу ҷамъӣ
Ҳангома туасту маҳфили ман
Гар теғ занад ба дасти симин
То хӯн чакад аз мафосили ман
Касро ба қисоси ман мгирид
Каз ман бҳласт қотили ман