Ваа ки ҷудо намешавад нақши ту аз хаёли ман
То чаҳ шавад ба оқибат дар талаби ту ҳоли ман
Нолаи зеру зори ман зортараст ҳар замон
Бас ки ба ҳиҷр медиҳад ишқи ту гӯшмоли ман
Нури ситорагони ситад рӯй чу офтоби ту
Даст намой халқ шуд қомат чун ҳилоли ман
Партави нур рӯй ту ҳар нафасӣ ба ҳар касе
намерасад ва намерасад навбати иттисоли ман
Хотири ту ба хӯни ман рағбат агар чунин кунад
Ҳам ба мурод дил расад хотири бадсиголи ман
Бргзрӣ ва нанигарӣ бознгр ки бугзарад
Фақри ману Ганаии ту ҷаври туу эҳтимоли ман
Чарх шунид нола ам гуфт маноли саъдё
Коаҳи ту тира мекунад оинаи ҷамоли ман