Ман аз дасти камондорони абрӯ
Наме ёрами гузар кардан ба ҳар сӯ
Ду чашмам хира монад аз равшаноӣ
Надонам қурс хуршедаст ё рӯ
Биҳиштаст ин ки ман дидам на рухсор
Камандаст он ки вай дорад на гесу
Лабони лаъл чун хӯни кабӯтар
Саводи зулф чун пари парасту
На он сарпанҷа дорад шӯхи айёр
Ки бо ӯ бар тавон омад ба бозу
Ҳама ҷон хоҳад аз ушшоқи муштоқ
Надорад санги кучак дар тарозу
Нафасро буии хуш чандин набошад
Магар дар ҷайб дорад нофи оҳӯ
Лаби хандони ширини мантиқаш ро
Нишоед гуфт ҷузи заҳҳоки ҷодӯ
Ғарибии сахти маҳбӯби аўФтодаҳи сет
Ба туркистони рӯйиши холи ҳиндӯ
Аҷабгар дар чамани барпои хезад
Ки пешаш сарв нанишинад ба зону
Ва гар биншинад андари маҳфили ом
Ду сад фарёд бархезад з ҳар сӯ
Ба ёд рӯй глбўии гули андом
Ҳамаи шаб хор дорам зери паҳлу
Таҳаммул кун ҷафои ёри саъдӣ
Ки ҷаври некӯони знбисти мъФў