Панҷа бо соиди симин ки наяндозӣ ба
Бо тавоноӣ муъаррабад накунӣ бозӣ ба
Чун дилаш додӣу меҳраши ситадӣ чора намонад
Агар ӯ бо ту насозад ту дар ӯсозӣ ба
Ҷузи ғам ёр махӯр то ғам карт бихӯрад
Ту ки бо маслиҳат хеш напардозӣ ба
Сипари сабр таҳаммул накунад тири фироқ
Бо камони абрӯ агар ҷанги нёғозӣ ба
Бо чунин ёр ки мо ақд муҳаббат бастем
Гар ҳамаи моя зиён мекунад анбозӣ ба
Бандаро бар хати фармони худованди умӯр
Сари таслим ниҳодани зи сарафрозӣ ба
Гар чу чангам бизанӣ пеши ту сари брнкнм
Ин чунин ёри вафодор ки бинавозӣ ба
Ҳеҷ шак нест ба тири аҷал эй ёри азиз
Ки ман аз пои даройам чу ту андозӣ ба
Маҷлиси мо дигар имрӯз ба бустон монад
Мутриб аз булбули ошиқ ба хуши овозӣ ба
Гӯш бар нола мутриб кун ва булбул бигзор
Ки нагӯяд сухан аз саъдии широзӣ ба