эй боғи ҳасан чун ту ниҳолӣ наёфта

Рухсораи замин чу ту холӣ наёфта

Тобандатар з рӯй ту моҳии надидаи чарх

Хуштар зи абрӯии ту ҳилолӣ наёфта

Бар даври оризи ту назар карда офтоб

Худро латофатӣ ва ҷамолӣ наёфта

Чархи мшъбд аз рухи ту длФрибтр

Дар зери ҳафт парда хаёлӣ наёфта

Худро ба зери чнгли шоҳини ишқи ту

Анқои сабри ман пар ва болӣ наёфта

То кӣ зи дарди ишқ ту нолад равони ман

Рӯзӣ ба лутф аз ту мисолӣ наёфта

Афтода дар забони хилоиқи ҳадиси ман

Бо ту ба як ҳадис маҷолӣ наёфта

Зоил шавад ҳар он чаҳ ба куллӣ камол ёфт

Умрам завол ёфт камолӣ наёфта

Гулбарги айши ман ба чаҳ умеди бушковад

Аз бӯстони васл шимолӣ наёфта

Саъдии ҳазор ҷома ба рӯзӣ қабо кунад

Як меҳрбонӣ аз ту ба солӣ наёфта