Даричае зи биҳишташ ба рӯй бигушое
Ки бомдоди пагоҳаши ту рӯй бинмое
Ҷаҳон шабаст ва ту хуршеди олами ороӣ
Сабоҳи мқбли он каз дараш ту бозоиӣ
Ба аз ту модари гетӣ ба умри худ фарзанд
Наёвард ки ҳамин буд ҳади зебоӣ
Ҳар он ки бо ту висолаши дамӣ муяссар шуд
Муяссараш нашавад баъд аз он шикебе
Даруни перҳан аз ғояти латофати ҷисм
Чу оби софӣ дар обгинаи пайдое
Марои маҷоли сухан беш дар баён ту нест
Камоли ҳасани бибандади забон гуёе
з гуфту гӯии авом эҳтироз ме кардам
Каз ин сипас биншинам ба кунҷи танҳоӣ
Вафои суҳбати ҷонон ба гӯш ҷонам гуфт
На ошиқӣ ки ҳазар мекунӣ зи расвоӣ
Гузашт бар ман аз осеби ишқати он чаҳ гузашт
Ҳануз мунтазирам то чаҳ ҳукм фармое
Ду рӯзаи боқии умрами фидои ҷони ту бод
Агар бакоҳӣ ва дар умр худ бифзое
Гар ӯ назар накунад саъдё ба чашм навохт
Ба дасти саъии ту бодаст то нпимоиӣ