Муштоқи туам бо ҳамаи ҷӯрӣу ҷафое
Маҳбӯби манӣ бо ҳамаи ҷурмӣу хатое
Ман худ ба чаҳ арзам ки таманнои ту варзам
Дар ҳазрати султон ки баради номи гадоӣ
Соҳиби назарони лоф муҳаббат напасанданд
Ваон гуҳи сипар андохтан аз тири балое
Бояд ки сиррӣ дар назараш ҳеҷ наярзад
Он кас ки наад дар талаби васли ту пое
Бедод ту адласту ҷафои ту каромат
Дашноми ту хуштар ки зи бегонаи дуое
Ҷузи аҳду вафои ту ки маҳлӯл нагардад
Ҳар аҳд ки бастами ҳавасӣ буду ҳавоӣ
Гар даст диҳад давлати онам ки сари хеш
Дар пои саманд ту кунам наъли баҳоӣ
Шояд ки ба хӯн бар сар хокам банависанд
Ин буд ки бо дӯст ба сари баради вафое
Хӯн дар дили озурдаи ниҳон чанд бимонад
Шак нест ки сар барканд ин дард ба ҷое
Шарт карам онаст ки бо дарди бимирӣ
Саъдӣ ва нахоҳӣ з дар халқи давое