Ки даст ташна мегирад ба обӣ

Худовандони фазли охири савобӣ

Таваққуъ дорам аз ширини забонат

Агар талхаст вагар ширини ҷавобӣ

Ту худ ное вагар ое бар ман

Бидон монад ки ганҷӣ дар харобӣ

Ба чашмонат кигар заҳрам фиристӣ

Чунон нӯшам ки ширинтар шаробӣ

Агар сарвӣ ба болой ту бошад

Набошад бар сари сарви офтобӣ

Парӣ рӯй аз назар ғоиб нагардад

Агар сад бор барбандад ниқобӣ

Бидон то як нафаси рӯяти бубинам

Шабу рӯзи орзӯмандам ба хобӣ

Умедам ҳаст агар аташон намирад

Ки боз ояд ба ҷӯии рафтаи обӣ

Ҳалок хештан мехоҳад он мӯр

Ки хоҳад панҷа кардан бо уқобӣ

Шабӣ донам ки дар зиндони ҳиҷрон

Саҳаргоҳам ба гӯш ояд хитобӣ

Ки саъдӣ чун фироқ мо кашидӣ

Нахоҳӣ дид дар дӯзахи азобӣ