Ҳама умр барнадорам сар аз ин хумори мастӣ

Ки ҳануз ман набудам ки ту дар дилам нишастӣ

Ту на мисли офтобӣ ки ҳузур ва ғайбат уфтад

Дгарони раванд ва оянд ва ту ҳамчунон ки ҳастӣ

Чаҳ ҳикоят аз фироқат ки надоштам валикин

Ту чу рӯй боз кардӣ дар моҷаро бибастӣ

Назарӣ ба дӯстон кун ки ҳазор бор аз он ба

Ки тҳитии нависӣ ва ҳдитӣ фиристӣ

Дили дардманди моро ки асир туаст ёро

Ба висоли марҳамӣ на чу ба интизори хстӣ

На аҷаб ки қалби душмани шиканӣ ба рӯзи ҳиҷо

Ту ки қалби дӯстонро ба мФорқти шикастӣ

Бирав эй фақиҳи доно ба худои бахши мо ро

Туу зуҳду порсоеи ману ошиқӣу мастӣ

Дили ҳӯшманд бояд ки ба дилбарии сипорӣ

Ки чу қибла ?ит бошад ба аз он ки худ парастӣ

Чу зимоми бахту давлат на ба даст ҷаҳд бошад

Чаҳ кунанд агар забунӣ накунанду зердастӣ

Гила аз фироқи ёрону ҷафои рӯзгорон

На тариқ туаст саъдӣ кам хеши гиру рстӣ