эй аз биҳишти ҷузвӣ ва аз раҳмати оятӣ
Ҳақро ба рӯзгори ту бо мо аноятӣ
Гуфтам ниҳоятӣ буд ин дарди ишқ ро
Ҳар бомдод мекунад аз нави бдоитӣ
Маърӯф шуд ҳикоятами андари ҷаҳон ва нест
Бо ту маҷоли он ки бигӯям ҳикоятӣ
Чандон ки бе ту ғояти имкони сабр буд
Кардему ишқро на падедаст ғоятӣ
Фармони ишқу ақл ба як ҷой нашунаванд
Ғавғо буд ду Подшаҳи андари вилоятӣ
зи абнои рӯзгор ба хӯбии мумайизӣ
Чун дар миёни лашкари Мансури роятӣ
Айбат намекунам ки худованди амр ва наҳй
Шояд ки бандае бикашад бе ҷиноятӣ
Зон гуҳ ки ишқи дасти татовул дароз кард
Маълум шуд ки ақл надорад кифоятӣ
Ман дар паноҳи лутф ту хоҳам гурехтан
Фардо ки ҳар касе равад андари ҳимоятӣ
Дармондаам ки аз ту шикояти куҷо барам
Ҳам бо тугар зи даст ту дорам шикоятӣ
Саъдии наҳуфта чанд бимонад ҳадиси ишқ
Ин риши андаруни бикунади ҳам сироятӣ