Дидам имрӯз бар замини қамарӣ
Ҳамчуи сарвии равон ба раҳгузарӣ
Гўиё бар ман аз биҳишти худоӣ
Боз карданд бомдоди дарӣ
Ман надидам ба ростии ҳамаи умр
Гар ту дидӣ ба сарв бар қамарӣ
ё шунидӣ ки дар вуҷӯд омад
Офтобии зи модару падарӣ
Гуфтам аз вай назар бпушонам
То науфтам ба дида дар хатарӣ
Чора сабрасту эҳтимоли фироқ
Чун кифоят намекунад назарӣ
намехиромеду зер лаб ме гуфт
Оқил аз фитна мекунад ҳазарӣ
Саъдёи пеши тири ғамзаи мо
Ба зи тақво бибоядат сипарӣ