Ту дар каманд науфтодаеу маъзӯрӣ

Аз он ба қӯти бозуии хеши мағрурӣ

Гар он ки хирмани ман сӯхт бо ту пардозад

Муяссарат нашавад ошиқӣу мастурӣ

Биҳишт рӯй ман он лаъибати парии рухсор

Ки дар биҳишт набошад ба лутф ӯ ҳурӣ

Ба гиря гуфтамаш эй сарви қади сими андом

Агар чаҳ сарв набошад бар ӯ гули сӯрӣ

Дрштхўиӣу бадаҳдӣ аз ту напасанданд

Ки хуби манзарӣу длФриби манзурӣ

Ту дар миёни хилоиқ ба чашми аҳли назар

Чунон ки дар шаби торики пораи нурӣ

Агар ба ҳасан ту бошад табиб дар офоқ

Кас аз худоӣ нахоҳад шифои ранҷурӣ

зи кибру ноз чунон мекунӣ ба мардуми чашм

Ки бе шароби гумон май барад ки махмурӣ

Ман аз ту даст нахоҳам ба бевафое дошт

Ту ҳар гуноҳ ки хоҳӣ бикун ки мғФўрӣ

з чанд гӯна сухан рафт ва дар миён омад

Ҳадиси ошиқӣу муфлисӣу маҳҷӯрӣ

Ба ханда гуфт ки саъдии сухан дароз макун

Миёни тиҳӣу фаровони сухан чу тнбўрӣ

Чу сояи ҳеҷ касаст одамӣ ки ҳеҷаш нест

Маро аз ин чаҳ ки чун офтоби машҳурӣ