Мо бе ту ба дил бар наздем оби сабурӣ

Чун сангдилон дил биниҳодем ба даврӣ

Баъд аз ту ки дар чашм ман ояд ки ба чашмам

Гӯйии ҳамаи олам зулмотаст ва ту нурӣ

Халқӣ ба ту муштоқу ҷаҳонӣ ба ту равшан

Мо дар ту гурезон ва ту аз халқ нафаврӣ

Ҷузи хати диловези ту бар тарафи биногваш

Сабза нишнидам ки дамад бар гули сӯрӣ

Дар боғи рӯ эй сарви хиромон ки хилоиқ

Гӯйанд магари боғ биҳиштаст ва ту ҳурӣ

Рӯй ту на рўиист каз ӯ сабр тавон кард

Лекин чаҳ кунам гар накунам сабри зарурӣ

Саъдӣ ба ҷафои дасти умед аз ту надорад

Ҳам ҷаври ту беҳтар ки з рӯй ту сабурӣ