Умедворам агар сад раҳам биндозӣ
Ки бори дигарам аз рӯй лутф бинавозӣ
Чу рӯзгор насозад ситеза натавон барад
Заруратаст ки бо рӯзгор дар созӣ
Ҷафои ишқи ту бар ақли ман ҳамон мисл аст
Ки сргзит ба кофар ҳаме диҳад ғозӣ
Дареғи бозуии тақво ки дасти рангинат
Ба ақли ман ба сарангушт мекунад бозӣ
Басӣ мутолиа кардем нақши олам ро
з ҳар ки дар назар ояд ба ҳасани мумтозӣ
Ҳазор чун ман агар меҳнат ва бало бинад
Туро аз он чаҳ ки дар неъматӣ ва дар нозӣ
Ҳадиси ишқи ту пайдои нкрдмӣ бар халқ
Гар об дида накардӣ ба гиряи ғаммозӣ
Зиҳии савор ки сад дил ба ғамзае бабрӣ
Ҳазор сайд ба як тохтан биндозӣ
Туро чу саъдӣ агар бандае буд чаҳ шавад
Ки дар рикоб ту бошад ғуломи широзӣ
Гараш ба қаҳр бароне ба лутф бозояд
Ки зари ҳамон буд ар чанд бори бгдозӣ
Чу об меравад ин порсӣ ба қӯти табъ
На мркбист ки аз ваии сабақи баради тозӣ