Осӯдаи хотирам ки ту дар хотири манӣ

Гар тоҷ мефиристӣ вагар теғ май занӣ

эй чашми ақли хира дар авсоф рӯй ту

Чун мурғи шаб ки ҳеҷ набинад ба равшанӣ

Шаҳрӣ ба теғи ғамзаи хунхору лаъли лаб

Маҷрӯҳ мекунӣу намак май пароканӣ

Мо хӯшаи чини хирман асҳоб давлатем

Борӣ нигаҳ кун эй ки худованди хирманӣ

Гирам ки бркнии дили сангини зи меҳри ман

Меҳр аз дилам чигуна туоне ки бркнӣ

Ҳукм он туаст агар бикашӣ бегунаҳ валек

Аҳди вафоӣ дӯст нишоед ки башиканӣ

Ин ишқро завол набошад ба ҳукми онк

Мо пок дидаем ва ту покизаи доманӣ

Аз ман гумон мабар ки бияёд хилофи дӯст

Вар муттафиқ шаванд ҷаҳонӣ ба душманӣ

Хоҳӣ ки дил ба кас надиҳӣ дида ҳо бидӯз

Пайкони чархро сипарӣ бошад оҳанӣ

Бо муддаӣ бигӯӣ ки мо худ шикаста ем

Муҳтоҷ нест панҷа ки бо мо дроФкнӣ

Саъдӣ чу сарварӣ натавон кард лозим аст

Бо сахти бозувон ба зарурати фурӯтанӣ