эй сарви ҳдиқаҳи маъонӣ

Ҷонӣу латифаи ҷаҳонӣ

Пеши ту ба иттифоқи мурдан

Хуштар ки пас аз ту зиндагонӣ

Чашмони ту саҳар аввалин анд

Ту фитнаи охируззамонӣ

Чун исми ту дар миён набошад

Гӯйӣ ки ба ҷисм дар миёнӣ

Онро ки ту аз сафари биёе

Ҳоҷат набӯд ба армағонӣ

Гар з омаданати хабари биоранд

Ман ҷон бидиҳам ба муждагонӣ

Дафъи ғами дил наметавон кард

Ало ба умеди шодмонӣ

Гар сӯрат хештан бибинӣ

Ҳайрони вуҷӯди худ Бамоне

Гар сулҳ кунӣ латиф бошад

Дар вақти баҳору меҳрбонӣ

Саъдии хати сабз дӯст дорад

Пиромни хади арғавонӣ

Ин пери нигар ки ҳамчунонаш

Аз ёд намеравад ҷавонӣ