Нагӯям об ва гуласт он вуҷӯди рӯҳонӣ
Бад-ӣн камол набошад ҷамоли инсонӣ
Агар ту обу гулӣ ҳамчунон ки соири халқ
Гули биҳишти мухаммир ба оби ҳайвонӣ
Ба ҳар чаҳ хубтар андари ҷаҳон назар кардам
Ки гӯямаш ба ту монад ту хубтар зи онӣ
Вуҷӯд ҳар ки нигаҳ мекунам зи ҷону ҷасад
Мураккабаст ва ту аз фарқ то қадами ҷонӣ
?герат дар оинаи симои хеши дили бабрад
Чу ман шӯй ва ба дармони хеши дармонӣ
Дилӣ ки бо сари зулфат таъаллуқӣ дорад
Чигуна ҷамъ шавад бо чунон парешоне
Маро ки пеши ту иқрор бандагӣ кардам
Равост гар бинавозӣ вагар биринҷоне
Вале хилофи бузургон ки гуфта анд макун
Бикун ҳар он чаҳ бшоид на ҳар чаҳ битавонӣ
Тамаъи мадор ки аз доманат бидорам даст
Ба остини малолӣ ки бар ман афшонӣ
Фидои ҷони тугар ман фидо шавам чаҳ шавад
Барои ид буд гӯсфанди қурбонӣ
Равони равшани саъдӣ ки шамъ маҷлис туаст
Ба ҳеҷ кор наёяд гараш насузоне