Айби ёрону дӯстон ҳунар аст
Сухани душманон на муътабар аст
Меҳри меҳр аз дарун мо наравад
эй бародар ки нақш бар ҳаҷар аст
Чаҳ тавон гуфт дар латофати дӯст
Ҳар чаҳ гӯям аз он латиф тар аст
Он ки манзури дидау дили мост
Натавон гуфт шамс ё қамар аст
Ҳар касе гӯ ба ҳол худ бошед
эй бародар ки ҳоли мо дигар аст
Ту ки дар хоб бӯдае ҳамаи шаб
Чаҳ насибати зи булбул саҳар аст
Одамиро ки ҷон маънӣ нест
Дар ҳақиқати дарахт бесамар аст
Мо парокандагон маҷмӯем
Ёри мо ғоибаст ва дар назар аст
Баргтар хушк мешавад ба замон
Барги чашмони мо ҳамеша тар аст
Ҷони ширини фидои суҳбати ёр
Шарм дорам ки нек мухтасар аст
Ин қадари дун қадар ӯст валек
Ҳади имкони мо ҳамин қадар аст
Парда бар худ наме тавон пӯшед
эй бародар ки ишқи парда дар аст
Саъдӣ аз боргоҳи қурбати дӯст
То хабар ёфта сет бехабар аст
Мо сар инак ниҳодаем ба тўъ
То худовандгорро чаҳ сар аст