Дида аз дидори хубон баргирафтан мушкиласт
Ҳар ки моро ин насиҳат мекунад бе ҳосиласт
Ёри зебогар ҳазорат ваҳшат аз вай дар диласт
Бомдодон рӯй ӯ дидани сабоҳи мқблст
Он ки дар чоҳи занхдонаши дили бечорагон
Чун малики маҳбӯс дар зиндон чоҳ Бобуласт
Пеш аз ин ман даъвӣ парҳезгорӣ кардамӣ
Боз мегӯям ки ҳар даъвӣ ки кардам ботиласт
Заҳри наздики хирадмандон агар чаҳ қотиласт
Чун зи дасти дӯст майгирӣ шифоӣ оҷиласт
Ман қадами берун наме ёрами ниҳод аз кӯии дӯст
Дӯстон маъзӯр доредам ки поем дар гуласт
Бош то девонаи гўиндми ҳамаи фарзонагон
Тарк ҷон натавон гирифтан то ту гӯйӣ оқиласт
Он ки мегуяд назар дар сӯрат хубон хатост
ӯ ҳамин сӯрат ҳаме бинад з маънӣ ғофиласт
Сорибони оҳистаи рони короми ҷон дар маҳмиласт
Чорпоёни бор бар пуштанд ва моро бар диласт
Гар ба сад манзил фироқ уфтад миёни моу дӯст
Ҳамчунонаш дар миёни ҷон ширин манзиласт
Саъдӣ осонаст бо ҳар кас гирифтани дӯстӣ
Лек чун пайванд шуд хуи боз кардан мушкиласт