Чаҳ рӯйаст он ки пеш корвон аст

Магари шамъӣ ба даст сорўон аст

Сулаймонаст гӯйӣ дар иморӣ

Ки бар боди сабои тахташ равон аст

Ҷамоли моҳи пайкар бар баландӣ

Бидон монад ки моҳ осмон аст

Биҳиштии сӯратӣ дар ҷўФи маҳмил

Чу бурҷии коФтобш дар миён аст

Худовандони ақли ин турфаи бенанд

Ки хуршедӣ ба зер соябон аст

Чу нилӯфар дар обу меҳр дар меғ

Парии рух дар ниқоб парниён аст

з рӯй кори ман бурқаъ барандохт

Ба як бори он ки дар бурқаъ ниҳон аст

Шутур пешӣ гирифт аз ман ба рафтор

Ки бар ман беш аз ӯ бор гарон аст

Зиҳии андаки вафои сусти паймон

Ки он сангини дил номеҳрбон аст

Турогар дӯстӣ бо мо ҳамин буд

Вафои моу аҳди мо ҳамон аст

Бидор эй сорибони охири замонӣ

Ки аҳди васлро охрзмон аст

Вафо кардем ва бо мо ғдр карданд

Бирав саъдӣ ки ин подош он аст

Надонистӣ ки дар поёни перӣ

На вақти панҷа кардан бо ҷавон аст