Бахт ҷавон дорад он ки бо ту қарин аст

Пер нагардад ки дар биҳишт барин аст

Дигар аз он ҷонибам намоз набошад

Гар ту ишорат кунӣ ки қибла чунин аст

Оинае пеш офтоб ниҳодаст

Бар дар он хайма ё шуъоъ ҷабин аст

Гар ҳамаи олами зи лавҳ фикр бишӯйанд

Ишқ нахоҳад шудан ки нақш нигин аст

Гӯша гирифтам зи халқу фоида Эй нест

Гӯшаи чашмати балоӣ гӯша нишин аст

То на тасаввур кунӣ ки бе ту сабурем

Гар нафасӣ мезанем бозпасин аст

Ҳасани ту ҳар ҷо ки табли ишқи ФрўкўФт

Бонги баромад ки ғорати дил ва дайн аст

Симу зарам гӯ мабошу ?данеу асбоб

Рӯй ту байнам ки малик рӯй замин аст

Ошиқи содиқ ба захм дӯст намирад

Заҳр музобам бидиҳ ки моء муайян аст

Саъдӣ аз ин пас ки роҳи пеш ту донист

Гар раҳ дигар равад залол мубин аст