Он ки дили ман чу гӯй дар хам чавгон ӯст

Мавқифи озодагон бар сар майдон ӯст

Раҳ ба дар аз кӯй дӯст нест ки берун баранд

Силсилаи пои ҷамъи зулф парешон ӯст

Чанд насиҳат кунанд бехбронм ба сабр

Дарди маро эй ҳакими сабр на дармон ӯст

Гар кунад анъом ӯ дар ман мискини нигоҳ

Вар накунад ҳокимаст банда ба фармон ӯст

Гар бузанд бе гуноҳи одат бахт манаст

Вар бинавозад ба лутфи ғоят эҳсон ӯст

Майл надорам ба боғ инс нагирам ба сарв

Сарвӣ агар лоиқаст қад хиромон ӯст

Чун битавонад нишаст он ки дилаш ғоибаст

ё битавонад гурехт он ки ба зиндон ӯст

Ҳайрати ушшоқро айб кунад бе басар

Баҳра надорад зи айш ҳар ки на ҳайрон ӯст

Чун ту гулӣ кас надид дар чамани рӯзгор

Хосса ки мурғӣ чу ман булбул бустон ӯст

Гар ҳама мурғӣ зананд сахти камонон ба тир

Ҳайф буд булбулӣ кин ҳама дастон ӯст

Саъдӣ агар толибии роҳи рӯу ранҷ бар

Каъбаи дидори дӯсти сабр биёбон ӯст