Боди баҳории вазид , аз тарафи марғзор

Боз ба гардун расед , нола ҳар мурғи зор

Сарв шуд афрохта , кори чамани сохта

Наъраи занони фохта , бар сари беду чанор

Гул ба чаман дар бараст , моҳи магар ё хураст

Сарв ба рақс андараст , бар тарафи ҷӯйбор

Шох ки бо миваҳост , санг ба по ме хӯрд

Бед магар фориғаст , аз ситами нобакор

Шева наргис бибин , назд бунафша нишин

Сӯсан раъно гузин , зарди шақоӣқи бабор

Хезу ғанимати шумор , ҷунбиши боди рабиъ

Нолаи мавзуни мурғ , буии хуши лолаи зор

Ҳар гулу баррагӣ ки ҳаст , ёд худо ме кунад

Булбулу қамарӣ чаҳ хонд , ёди худовандгор

Барги дарахтони сабз , пеши худованди ҳуш

Ҳар варақӣ дафтарӣаст , маърифати кирдигор

Вақт баҳораст хез , то ба тамошо рӯем

Такя бар айём нест , то дигар ояд баҳор

Булбул дастон бихон , мурғи хуш алҳон бидон

Тӯтии шкрФшон , нақл ба маҷлис биор

Бар тарафи кӯҳу дашт , рӯз тавофасту гашт

Вақти баҳорони гузашт , гуфта саъдӣ биор