Агар чаҳ дил ба касе дод , ҷони мост ҳануз
Ба ҷон ӯ ки дилам бар сар вафост ҳануз
Надонам аз паии чандини ҷафо ки бо ман кард
Нишони меҳри ваии андар дилам чарост ҳануз ?
Ба роз гуфтам бо дил , з хотираш бигзор
Ҷавоб дод фулонӣ азон мост ҳануз
Чу мурда бошам агар бугзарад ба хоки лаҳад
Ба бонг наъра барояд ки ҷони мост ҳануз
Адоват аз тарафи он шикаста паймонаст
Вагарна аз тарафи мо ҳамон сафост ҳануз
Бетаи ту рӯй зи ман брмтобу дастами гир
Ки дар серуми зи ту ошӯбу фитнаҳост ҳануз
Куҷост хонаи қозӣ ки дар мақолати ишқ
Миёни ошиқ ва маъшӯқ моҷарост ҳануз
Ниёзмандии ман дар қалам наме гунҷад
Қиёс кардаму зи андеша ҳо варост ҳануз
Салом ман бирасон эй сабо ба ёр ва бигӯ
Ки саъдӣ аз сари аҳди ту брнхост ҳануз