Яке аз вузаро маъзул шуд ва ба ҳалқа даравишон даромад . Асари баракати суҳбати эшон дар ӯ сироят карду ҷамъияти хотираш даст дод . Малики бори дигар бар ӯ дил хуш кард ва амал фармуд . Қабулаш наомад ва гуфт : маъзулӣ ба назд хирадмандони беҳтар ки машғӯлӣ .
Онон ки ба кунҷ офият бинишастанд
Дандони сагу даҳони мардуми бастанд
Коғази бдриднд ва қалам бишикастанд
Вази дасти забони ҳарфи гирони растанад
Малики гуфто : ҳар оинаи моро хирадмандии кофӣ бояд ки тадбири мамлакатро бшоид . Гуфт : эй малики нишони хирадманди кофии ҷуз он нест ки ба чунин корҳо тани надиҳад .
эй бар ҳамаи мурғон аз он шараф дорад
Ки устихон хӯрд ва ҷонвар ниёзорад
Сияҳи гӯшро гуфтанд : туро мулозимати суҳбати шер ба чаҳ ваҷҳ ихтиёр афтод ? гуфт : то фазла сайдаш мехӯраму зи шари душманон дар паноҳи савлат ӯ зиндагонӣ мекунам . Гуфтандаш : акнӯн ки ба зилли ҳимояташ дар омадӣ ва ба шукри неъматаш эътироф кардӣ , чаро наздиктар ниёе то ба ҳалқаи хосонт дар орад ва аз бандагони мухлисати шуморад ? гуфт : ҳамчунон аз бтш ӯ эмин нестам .
Агар сад соли габр оташ фурӯзад
Агар як дам дар ӯ уфтад бисӯзад
Уфтад ки надими ҳазрати султонро зар бияёд ва бошад ки сар баравад ва ҳукамо гуфтаанд : аз тлўни табъи подшоҳон бар ҳазар бояд бӯдан ки вақте ба саломӣ биринҷанду дигари вақт ба дашномӣ халъат диҳанд ва овардаанд ки зарофат бисёр кардани ҳунар надимонасту айби ҳакямон .
Ту бар сари қадар хештан бошу виқор
Бозӣу зарофат ба надимон бигзор